Ба гузориши ИКНА ба нақл аз “Русия Ал-Явм”, ин 20 кишвари арабӣ ва исломӣ дар як баёнияи муштарак, бар зарурати эҳтиром ба ҳокимият ва якпорчагии кишварҳо, риояти усули ҳамсоягии нек ва ҳалли осоиштаи ихтилофот таъкид карданд.
Вазирони хориҷии ин кишварҳо бо нашри ин баёния, изҳори нигаронии шадид аз ташдиди хатарноки авзоъ карданд, ки паёмадҳои ҷиддӣ барои амният ва суботи тамоми минтақа дорад, ва таъкид карданд, ки бояд таҷовузҳои душманонаи Исроил алайҳи Эрон фавран қатъ шавад, хусусан дар шароите ки Ховари Миёна бо танишҳои рӯзафзун рӯбарӯ аст.
Ин кишварҳо бо таъкид бар аҳаммияти талош барои коҳиши таниш ба манзури расидан ба отифоқ ва оромиши фарогир, бар холӣ кардани минтақаи Ховари Миёна аз силоҳҳои ҳастаӣ ва дигар аслиҳаҳои куштори ом, мутобиқ ба қатъномаҳои байналмилалӣ ва бидуни табъиз, таъкид карда, хостори пайвастани фаврии тамоми кишварҳои минтақа ба аҳдномаи мамнӯъияти густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) шудаанд.
Ҳамчунин дар ин баёния, бар манъ будани ҳадаф қарор додани муассисаҳои ҳастаӣ, ки зери назорати Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ қарор доранд, мувофиқи қатъномаҳои ин ожонс ва Шӯрои Амният таъкид шудааст. Онҳо ин гуна ҳамлаҳоро нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ дониста, бо такя бар Оинномаи Женеваи соли 1949, зарурати бозгашти ҳарчи зудтар ба роҳи музокирот ҳамчун танҳо роҳи расидан ба тавофуқи пойдор дар бораи барномаи ҳастаии Эронро хотиррасон карданд.
Вазирони умури хориҷии ин кишварҳо ҳамчунин бар зарурати эҳтиром ба озодии ҳаракати киштиҳо дар обҳои байналмилалӣ, мутобиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақзи амнияти баҳрии ҷаҳонӣ таъкид карданд.
Онҳо изҳор доштанд, ки таонҳо роҳи ҳалли буҳронҳои минтақавӣ дар дипломатия, гуфтугӯ ва пойбандӣ ба усули ҳамсоягии нек аст, мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи СММ. Ин кишварҳо бар ин боваранд, ки буҳрони кунунӣ бо роҳҳои низомӣ ҳал намешавад.
342/
Your Comment